(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАҳли тарбиятгирандагони муаасисаи таҳсилоти томактабии №25-и шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва ифтихори ватандорӣ бо баргузории маҳфили идона Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд.

Кўдакон дар васфи Парчами миллӣ шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб қироат намуданд. Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи ранга ба таври уфуқӣ кашида шудааст; рахи боло ранги сурх – таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият буда, он маънои шуҷои офтоб, рамзи равшанӣ, сурхрӯӣ, дониш, таърих, фарҳанг, фатҳу нусрат, ифтихор, матонату шуҷоат ва соҳибистиқлолиро дорад. Ранги дуюм – ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёти дурахшон, сулҳу суббот, покизагӣ, осоиштагӣ, шири поки модар, одоби ҳамидаи инсонӣ, виҷдону дили пок, имони комил, эътимоди қавӣ, роҳи сафед ва беғубории рӯзгор аст. Ранги сабз – рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани кишварамон, рамзи табиати ҳамешабаҳор, толеи баланд, баҳор, Наврӯз, файзу баракат, ҷавонӣ, зебоӣ ва рамзи дини мубини ислом мебошад.

Маъмурият ва аҳли мураббиёни кўдакистон ба сатҳи баргузории чорабинӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо побарҷо бошад. Имрўз ифтихор аз рамзҳои зеҳни шуури тамоми ҷомеаро фаро гирифтааст ва метавон гуфт, ки ин эҳсоси гарми ифтихор дар таҳкими сулҳу субот, дўстиву якдилӣ ва ваҳдати халқи азизамон нақши барҷаста дорад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоиштаву меҳнатдўстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи фардо ва лоиқи эҳтироми ҳар як шахс мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд