(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.

Директори Маркази назорати даавлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд Тахмина Усмонова ҳамагонро бо Рўзи Парчами давлатӣ таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Парчам мояи ифтихори миллӣ буда, ба ҳайси арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ пазируфта шуда, рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони мардуми соҳибтамаддуни мост, ки афрохта шудани он башорат аз давлати соҳибистиқлолу соҳибватании мост. Ин рукни муҳими давлатдорӣ моро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ намуд. Афрохта гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба расмият шинохтани давлатҳои дунё эътибори кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд. Он моро муттаҳид сохт ва барои ба даврони нави таърихӣ, ҳазораи сеюм бо қадами сулҳ ворид гардидан мусоидат намуд.

Дар ҳамоиш дигар кормандони МНДСЭ-и вилояти Суғд низ баромад карда, андешаҳояшонро доир ба ин муқаддасоти миллӣ иброз доштанд.

Зикр шуд, ки Парчами давлатии мо аз истиқлолияти комили давлатдории мо, нуфузи баланди хориҷии он, дастоварду пешрафти халқамон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ башорат медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд