(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиш-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввала дар маҳаллаҳои шаҳрДар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар се маҳаллаи шаҳри Хуҷанд –майдони «Ситораҳои Хуҷанд», микроноҳоияҳои 12-ум ва 20-ум бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Иди Қурбон ярмарка фурӯши маҳсулоти кишварзӣ баргузор гардид. Дар он  кишварзони шаҳри Истаравшан, ноҳияи Б. Ғафуров, КВД «Захираҳои моддии Суғд» ва Иттифоқи матлуботи вилоят маҳсулоти худро пешкаши шаҳриён намуданд. Дар ярмарка-фурӯши «Майдони ситораҳои Хуҷанд» 24 намуди маводи хӯрока ва ниёзи аввала ба миқдори зиёда аз 4 тонна гӯшт, 15 тонна орд, зиёда аз 3 тонна биринҷ, 1,5 тонна равған,наздики 20 тонна картошкаю сабзӣ, наздик 18 тонна маҳсулоти полезӣ ва 15 тонна мевагӣ,ҳамчунин маҳсулоти қаннодӣ ва ғайра ба фурӯш бароварда шуд. Дар микрониҳияҳои 12-ум бошад зиёда аз 40 тонна  ва микроноҳияи 20-ум 37 тонна маводи ғизо манзури харидорон гардид. Лозим ба ёдоварист, ки ҳамаи мавод бо  нархи то 20 фоиз нисбатан арзон  ба харидорон  фурӯхта шуд.