(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо фаъолияти таълимию тарбиявии Муассисаи таълимии давлатии Руссияю Тоҷикистон «Мактаби миёна бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд ба номи А.П.Чехов» шиносоӣ пайдо намуданд.

Нахуст аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои тозанашри «Сарвар, Президент, Пешво», «Эҳёгари Суғд» ва «Иҷлосия: Парвозгоҳи Пешвои миллат» ва нишони сарисинагии ҷашнии Иҷлосияи тақдирсоз ба роҳбарияти ин муассисаи тааълимӣ тақдим гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бо кўшишҳои пайгиронаи роҳбарияти олии ду давлат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар давоми се даҳсолаи охир ин ду кишвари дўст дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дар воқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои вобаста ба густариши пайвастаи равобити гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мақоми хосса доранд. Тавсеаи минбаъдаи ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар раванди мулоқоту тамосҳои доимӣ дар сатҳи олӣ ҳамеша мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар давраи гузашта заминаи зарурии шартномавию ҳуқуқии бахшҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотии муносибатҳоямон фароҳам оварда шуд.

Дар сатҳи ҳукуматҳо, идораҳои соҳавӣ ва донишгоҳҳои ду кишвар зиёда аз дусад санад оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст, ки ҳамчун заминаи боэътимоди густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва илм хизмат менамоянд.

Барои ҳамкории ҳамаҷонибаи марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои ду кишвар заминаи мусоид гузошта шудааст. Ҳамкории пурсамари олимони Тоҷикистон ва Русия бисёр самтҳои мубрами илмию амалиро дар бахшҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва гуманитарӣ, инчунин технологияҳои инноватсионӣ фаро мегирад.Саъю талошҳои мо дар роҳи тавсеаи имкониятҳо ҷиҳати гирифтани маълумоти миёна ва олӣ ба забони русӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд.

Сипас Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни таълиму тарбия дар Муассисаи таълимии давлатии Руссияю Тоҷикистон «Мактаби миёна бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд» аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омўзгорон сўҳбату озоду ошкоро намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд