(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

ЗИҲӢ, АНҶУМАНЕ, КИ ПЕШВОРО ДОД!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии аксари вакилон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва зимоми давлатдориро ба ўҳдаи хеш гирифтанд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо азму иродаи созанда, ҷидду ҷаҳди устувор ва талошҳои пайвастаашон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ободии Ватан ва некўаҳволии мардуми Тоҷикистон хизматҳои бузургу шоиста карда, Тоҷикистони азизи моро ба як мамлакати ободу пешрафта табдил доданд ва халқи тоҷикро бо зиндагии осоиштаву арзанда таъмин намуданд.

Шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ бо зиндагӣ ва амалҳои неки худ дар сарнавишти халқу кишвар нақши муассир бозида, роҳи имрўзу фардои миллати хешро мунаввар месозанд. Шахсияти бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Асосгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун чеҳраи маъруфи сиёсӣ шинохтаву эътирофшуда маҳсуб меёбанд. Мустаҳкам шудани пояҳои давлатдории миллӣ, рушду нумўъ ёфтани сохторҳои ҷомеаи кишвар аз пуштибонӣ ва хизматҳои Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад.

Бо назардошти эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдорӣ, таъмини сулҳу ягонагии мардуми сарзамин, болоравии обрўву нуфуз ва мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон, ки ба салоҳиятнокӣ ва фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рўзи 16-уми ноябр - Рўзи Президент пазируфта шудааст.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва баргузории Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати миллии тоҷикон барқарор гардид ва халқи кишвар бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистагӣ роҳ мепаймояд.
Итминони комил дорем, ки дар оянда Ватанамон ободтар, эътибораш афзунтар ва ба бахти миллат Пешвои маҳбуб ва сарвари саодатовари мо мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломату шарафманд ҷовидона боқӣ мемонанд.

Ҳамаи шумо - сокинони шаҳри Хуҷандро ба муносибати 30-юмин солгарди баргузории иҷлосияи таърихӣ, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу хонаободӣ ва ба диёри биҳиштосоямон - Тоҷикистон сулҳу сафо ва шукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

30-солагии анҷумани миллӣ, Рўзи Президент ҳумоюн бод, ҳамватанони азиз!