(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Нақши Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва баҳамоӣ дар Тоҷикистон" ташкил ва баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки васеи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, зиёиёну ҳуқуқшиносон, омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Иштирокчиён бо эҳсоси ифтихори бепоён ва шукргузорӣ таъкид намуданд, ки саъю талошҳои беназири Пешвои Муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди сулҳ ва давлатсозии миллӣ аз Иҷлоссияи 16- уми Шӯрои Олии тақдирсоз маншаъ мегирад.

Ширкатдорони Конфронс Маҳмадсалим Ҳаитов, намояндаи Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, дар мавзӯъи " Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- заминаи сулҳи тоҷикон", Маъруфҷон Рустамзода, судяи шаҳри Хуҷанд таҳти унвони " Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳ ва Ваҳдат", Рустам Юлдошев, директори Осорхонаи ДДХ ба номи академик Б.Гафуров дар мавзӯъи "Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-ми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Мирзоаъзаам Мақсудов, сармуҳаррири рӯзномаи "Шӯълаи умед", Фирдавс Фахриддинзода муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзуъи "30 соли созандагии ҷавонон бо Пешвои миллат" маърӯзаҳои ҷолиб намуданд.

Таъкид карда шуд, дар он вазъияти хеле мураккаб, ноустувор ва муҳити баҳсбарангезу мухолифатомези қувваҳои сиёсӣ на ҳар кас барои масъулияти роҳбарии як кишвари ҷангзадаву харобгардида ва дар буҳрони иқтисодиву молиявӣ фурӯрафтаро ба дӯш гирифтан мехост. Ҷасорат, диловарию мардонагӣ, ғурур ва нангу номуси миллӣ дар замири вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки намояндагони аҳолии кишвар ба тарафдории ӯ барои интихоб ба мансаби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳанд, зеро мавқеи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як фарди таҷрибадор, болаёқату боистеъдод, сиёсатмадор ва ташаббускору роҳнамои зиндагӣ хеле возеҳу равшан аён гардид.

Интихоби ин шахсияти фарзона ба мақоми олии роҳбарӣ гардиши куллиеро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд овард. Баъди таъсиси Ҳукумати нав тасмим гирифта шуд, ки ҳарчи зудтар сохторҳои давлатӣ фаъолияти худро дар пойтахти кишвар оғоз кунанд. Сарчашмаи ин ҳама дастоварду пешравиҳо интихоби дурусти вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ мебошад.

Бешак, хизматҳои ин марди бузург барои давлат ва мардуми Тоҷикистон бешуморанд, вале муҳимтарини онҳо бозгардонии сулҳу оромӣ ба кишвар, сарҷамъ намудани миллат ва бунёд гузоштани давлат аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд