(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамшаҳриёни гиромиқадр!
Мардуми Хуҷанди бостонӣ мисли тамоми мусулмонони ҷаҳон Иди саиди Қурбонро, ки аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми сокинони Хуҷандшаҳрро бо фарорасии ин рӯзи муборак табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, иҷобати дуоҳо, саодати рӯзгорро орзу менамоям.
Воқеан, шарофатҳои ин иди муборак таҷассумгари эътиқод, имон, щояҳои олии некию адолат, инсондӯстӣ, рамзи раҳму шафқат, меҳрубонӣ ба атрофиён мебошад. Они комил аст ва ҳамин фазилат ифодагари асли моҳияти Иди Қурбон мебошад, ки ба шарофати он дастархони оилаҳои камбизоату ниёзманд ҳам щанӣ мегардад, инсонҳои соҳибдилу щамхор сари ятимонро сила мекунанд, ба аёдати пирону барҷомондагон, одамони яккаву танҳо мераванд, меҳру муҳаббати ҳамагон афзоиш меёбад.

Равшан ба назар мерасад, ки роҳбарият, намояндагони мақо-моти иҷроияти ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, вакилони халқ, соҳибкорон ва мардуми боҳиммату саховатпеша дар арафа ва рӯзҳои ид иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, оилаҳои танҳомондаи шаҳидони ҷанг, маскунони Хонаи маъюбону пиронсолон, хонан-дагони мактаб-парваришгоҳи махсус, тарбиятгирандагони Хонаи ятимонро аёдат мекунанд, барояшон тӯҳфаҳои идона меоранд ва кӯмаки моддию маънавӣ мерасонанд.
Чунин амали нек ва кори савоб дар арафа ва Рӯзи Иди Қурбон бештар эҳсос мешавад, зеро чуноне бузургони илму адаб ва дини мубини ислом фармудаанд, бечораеро дастгирӣ намудан, ба беморе умед ва дилгармӣ бахшидан, сари ятимеро сила кардан аз савобҳои бузургтарин аст.
Бояд гуфт, ки ҳамаи мо тоҷикон, дар мазҳаби Имоми Аъзам мебошем. Чуноне, ки Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон таъкид доранд: «Мазҳаби Ҳанафӣ, ки сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва рифоқу осоиши мардум ҳамчун рукнҳои асосии он дониста шудаанд, дар тӯли таърих дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиёи Марказӣ махсусан тоҷикон нақши беназир дорад».
Қуръони Карим моро ба покию озодагӣ ва ба инсони комил будан ҳидоят менамояд. Амали мо бояд аз ин китоби муқаддас сарчашма гирад.
Беш аз садҳо нафар ҳамшаҳриёни мо имрӯз дар шаҳри Маккаи мукаррама қарор доранд ва онон зиёрати хонаи Худо  мекунанд. Дуо мекунем, ки ҳаҷашон қабул шавад ва ба ниятҳои некашон расанду сиҳату саломат ба Хуҷанди бостонӣ баргарданд. Зеро онон баъди иҷрои рукни панҷуми бинои мусулмонӣ қатори тарбият-гирандагони насли наврасро пурра менамоянд, дар як саф бо муаллиму мураббӣ истода, фарзандонро ба рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ ва эҳтироми падару модар тарбия мекунанд.
Шукр мегӯем, ки ба шарофати сиёсати дурандешона ва созандаи Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мо дар фазои орому осоиш кору зиндагӣ мекунем, дар рушду нумӯи кишвари соҳибистиқлоламон ҳиссаи арзанда мегузорем, ки ин албатта, нишони садоқати мо ба Ватан, бузургони миллат ва халқи меҳнатқарину бунёдкор, ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлатамон аст.
Ҳамдиёрони азиз, дар ин Рӯзи сайид ба ҳамаи Шумо бахту иқболи баланд, зиндагии босаодат, тандурустиву хона-ободӣ, хушбахтиву некрӯзӣ, дастархони пур аз нозу неъмат ва барору комёбиҳо дар кору зиндагӣ таманно дорам.
Идатон муборак!