(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Боздид аз коргоҳи истеҳсолӣ

Санаи 2-юми апрел Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба корхонаи ҶДММ «Аҳмедов Ҳ»  ташриф оварда, бо дастгоҳҳои нав, ҷараёни кор  дар коргоҳҳои чӯбу тахта, сайқали чӯб ва намунаҳои истеҳсолшудаи дару тирезаҳо шинос шуд ва ба сифати онҳо баҳои баланд дод.

ҶДММ «Аҳмедов Ҳ» ба истеҳсоли дару тирезаҳои чӯбиву пластикӣ бо усули аврупоӣ машғул буда, фаъолияти худро  соли 2010 оғоз намудаааст.

Боздид аз коргоҳи истеҳсолӣАкнун бо ворид кардани таҷҳизоти ҷадиди туркиву чинӣ бо мабалағи 300 ҳазор доллари амрикоӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар як моҳ 25 дар ва ҳамин миқдор тирезаро истеҳсол мекунад.  Ёдовар бояд шуд, ки дар корхонаи мазкур 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд.