(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 18-и ба номи "Шукуфаи Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати 30 –юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили хотирмон сурат гирифт.


Дар маҳфил доир ба аҳамияти Иҷлосияи таърихӣ аз ҷониби мураббияи гуруҳ маълумот дода шуда, тарбиятгирандагон шеъру тарона ва сурудҳои ватандўстона хонданд.

Таъкид гардид, ки сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ин Иҷлосияи хотирмон пайванди ногусастанӣ дорад, зеро маҳз ҳамин анҷуман роҳи хатари нобудшавии давлату миллатро гирифта, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохт ва сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро барқарор намуд.

Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ин буд, ки роҳбари олимашраберо дар симои фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳна овард, ки аз ҳамон рӯзи аввал ҳимояи манфиатҳои давлату миллат дар меҳвари фаъолияти сиёсиашон қарор дошт. Ҳоло дастовардҳои беназири даврони Истиқлоли давлатӣ ва касби нуфузи ҷаҳонии Тоҷикистон натиҷаи заҳмати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро маҳз заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат буд, ки фоҷиаи миллӣ дар мамлакат пешгирӣ ва дар роҳи давлатсозии миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд.

Намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва маъмурияти муасисаи таълимӣ чорабиниро мушоҳида намуд, ба мазмуни баргузории он баҳои баланд доданд.

Ҳамзамон дар муассисаи мазкур машғулияти кушоди намунавӣ низ гузаронида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд