(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАҳли тарбиятгирандагони кӯдакистони №35-и шаҳри Хуҷанд ба номи “30 солагии истиқлолият” бахшида ба рўйдоди муҳими таърихӣ Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили идонаро таҳти унвони “Офтоби Анҷуман ва фурўғи саодати миллат” баргузор намуданд.

Дар маҳфил шеъру гуфторхо дар бораи Иҷлосия, Пешвои миллат, Ватан, сарзамин, рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаи таълимӣ пешниҳод гардида, ҳамзамон суруду рақсҳои мавзун иҷро карда шуд.
Намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва маъмурияти МТТ №35 ба сатҳи чорабинӣ баҳои баланд дода, баргузор намудани онро дар тарбияи худшиносии миллӣ ва хештаншиносии кўдакон муҳим арзёбӣ карданд.

Таъкид шуд, ки ин рӯзҳои босаодату истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст. Ноил шудан ба ҳамаи ин дастовардҳ таҳти роҳбариии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хоҳишу талошҳои мардуми тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар рўйи кор омадааст. Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки баъдан тақдирсоз унвон гирифт, аҳаммияти таърихӣ дошта, барои пойдории сулҳу субот ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат саҳми муносиб гузошт. Давра ба давра миллати тоҷик соҳиби конститутсия ва парламенти касбии худ гардид ва дар асоси моддаву бобҳои бахтномаи миллат мардум роҳ ба суи фатҳу кушоишро пеш гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд