(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рўзи милитсия ба манзили собиқадорони мақомоти корҳои дохила, аз ҷумла подполковники мустаъфӣ Ниёза Каримова ва полковники мустаъфӣ Шамма Пардаев рафта онҳоро бо Иди касбиашон табрику таҳният гуфт.

Раиси шаҳр гуфт, ки ки агар ба таърихи фаъолияти ҳар як собиқадори мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибихтиёр назар намоем, мебинем, ки он пур аз саҳифаҳои корнамоиву фидокорӣ ва ҷасорату ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллату Ватан мебошад. Зеро эшон дар тўли фаъолият ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи шараф ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ва обрӯи халқу давлати худ дар сафи пеши мубориза қарор доштанд. Ҳисси ватандӯстӣ ва садоқату самимият ба уҳдадориҳои хизматӣ дар замири фарзандони бонангу номуси ин мақомот дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳадафу ниятҳои нопоки душманон ва мақсадҳои ғаразноки онҳоро барбод дод.

Подполковник Ниёза Каримова ҳамчун бонуи матинирода дар мақомот корҳои дохила то ба маснади сардори шуъбачаи кадрҳои ШВКД-и ҶТ дар шаҳри Хуҷанд бо донишу малака ва кордониаш расидааст ва полковники мустаъфӣ Шамма Пардаев низ солҳои зиёд ба сифати сардори ШБДА-и шааҳри Хуҷанд хизмати бенуқсон намуда, даар Иҷлосияи таърихӣ ба сифати вакили халқӣ аз ҳавзаи интихоботии Обимукии ноҳияи Ёвон ширкати фаъолона дошт.

Аёдатшудагон аз тааваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайваста ба роҳбарияти Давлату Ҳукумат миннатдорӣ баён намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд