(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади самаранок гузаронидани таътили тирамоҳӣ дар МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд бори нахуст озмуну маҳфилҳои гуногун роҳандозӣ карда шуд.

Дар ин чорабиниҳо беш ба 200 нафар хонандагони болаёқат ҷалб карда шуда, бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои гуногун, аз қабили «Расми беҳтарин», «Иншои беҳтарин», «Реферати беҳтарин», «Тести беҳтарин», «Мақолаи беҳтарин», «Красворди беҳтарин», «Диктанти беҳтарин», «Гўшаи беҳтарин», «Донандаи беҳтарин» ва ғайра ташкил ва гузаронида шуданд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин озмунҳо бедор намудани шавқи ватандўстӣ, хештаншиносии хонандагон ва боз ҳам амиқ омўзиши аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз мебошад.

Зикр гардид, ки ин Иҷлосия дар рушд ва таҳкими давлатдории навину истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостонӣ, амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсӣ, хуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ асоси устувор гузошт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз 1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз гардида, он то 10 ноябр идома меёбад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд