(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 03.11.2022 то 06.11.2022 16 нафар хонандагони болаёқати синфҳои 5-11-и МТУҒ «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд дар давраи XIV Олимпиадаи байналмилалии «Дониш» дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия аз фанҳои дақиқ ва ҷамъиятӣ- гуманитарӣ ширкат варзиданд.

Зикр намудан ҷоиз аст, ки толибилмони болаёқати муассиса дар Олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, маданияту фазилат ва донишандӯзии баланди миллати куҳанбунёди тоҷикро муаррифӣ карда тавонистанд. Бо дастгирии муассиси муассиса -Мақсуд Зиёбоев хонандагонро дар сафар директори муассиса –Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Муинова роҳбарӣ намуданд.

Аз зумраи иштирокчиёни Олимпиада 7 нафар хонандагони зерин ба музаффариятҳо ноил гардиданд:
1.Бобобеков Ҷонибек- хонандаи синфи 10 а аз фанни биология сазовори ҷои 3

2.Щафурова Сабрина- хонандаи синфи 6в аз фанни биология сазовори ҷои 3

3.Ҷабборова Фарзона- хонандаи синфи 10а аз фанни биология сазовори ҷои 3

4.Воҳидов Абдуазиз- хонандаи синфи 11б аз фанни физика сазовори ҷои 3

5. Бобобеков Саъдулло- хонандаи синфи 11а аз фанни химия сазовори ҷои 3

6. Абдуллоева Мадина- хонандаи синфи 11б аз фанни химия сазовори ҷои 3

7.Имомзода Шаҳбоз- хонандаи синфи 11б аз фанни забони англисӣ сазовори ҷои 3
гардида, бо медалҳои биринҷӣ ва Сертификатҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин 9 нафар хонандагони зерин:
1.Толибзода Абӯбакр - хонандаи синфи 10а аз фанни забони англисӣ;

2.Шукуров Фахриддин - хонандаи синфи 11б аз фаннҳои забони англисӣ ва биология;

3.Ҳасанова Шукрона -хонандаи синфи 9б аз фаннҳои забони русӣ, математика ва забони англисӣ;

4.Илҳомӣ Негматулло -хонандаи синфи 10а аз фанни биология;

5.Каримов Кабир - хонандаи синфи 10а аз фанни биология;

6.Машарипов Хусрав- хонандаи синфи 10а аз фанни биология;

7.Алимов Хайём - хонандаи синфи 11б аз фаннҳои забони англисӣ ва математика;

8.Маҳмудов Азаматхӯҷа- хонандаи синфи 6в аз фанни математика;

9.Каримов Пӯлод- хонандаи синфи 9б аз фанни забони русӣ;,

барои иштироки фаъолона бо медалҳои рамзии ифтихорӣ сарфарозонида шуданд.

Инчунин хонандаи синфи 10б-и литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи М.Осимӣ Фаррухзода Муинҷон ва хонандаи синфи 7 мактаби хусусии «Амид» Каримов Азамат низ аз фанни забони англисӣ ва математика дар ин Олимпиада иштирок намуда, мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Ногуфта намонад, ки дар ҷамъбасти Олимпиадаи байналмилалӣ мувофиқи натиҷабардорӣ дар миқёси вилоят дастаи олимпии муассиса сазовори ҷои дуюм гардида, аз ҷониби маъмурияти олимпии давлати Туркия бо ҷоизаи “Беҳтарин дастаи давраи XIV Олимпиадаи байналмилалии «Дониш» -и шаҳри Анталия дар соли 2022» қадрдонӣ карда шуданд.

Дирӯз дастаи олимпии муассиса бомуваффақият ба ватан баргаштанд. Дар муассиса ғолибони муассисаро муассиси муассиса-Мақсуд Зиёбоев ва хонандагону омӯзгорон, падару модарони толибилмон бо гулу туҳфаҳо пазироӣ намуданд. Сипас, директори муассиса Муинова М.С. ҳамаи иштирокчиёни Олимпиада ва ҳозиринро барои ишщоли ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаи беҳтарин таҳният намуда, қайд намуд, ки маъмурияти муассиса минбаъд низ барои мукаммал гардонидани дониши хонандагон ва дарёфти хонандагони болаёқат корбарӣ намуда, бо мақсади ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд