(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБахшида ба 75 солагии Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Абдуманнон Ғозиев бо иштироки роҳбарияти РВКДҶТ дар вилояти Суғд, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, собиқадорони ВКД, аҳли пайвандону дўстон ва шогирдони марҳум маҳфили ёдбуд баргузор гардид.

Алиҷон Ҳайдаров, раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати РВКД ҶТ дар вилояти Суғд маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки ҳадаф аз баргузории он ёдоварӣ аз кору рўзгори марди фидоӣ ва сарсупурдаи Давлату миллат генерал –майор Абдуманнон Ғозиев мебошад.

Сипас, сардори РВКД ҶТ дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Темур Тўйчизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода, муовини сардори РВКД ҶТ дар вилояти Суғд полковники милитсия Олимҷон Бурҳониён, собиқадори мақомоти корҳои дохила генерал- майори мустаъфӣ Давлатшоҳ Булбулшоев, собиқадори ВКД полковники мустаъфӣ Обид Қосимов ва дигарон баромад намуда, аз хизматҳои шоёни Абдуманнон Ғозиев дар назди Ватан сухан гуфтанд.

Таъкид шуд, ки воқеан ҳам Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Абдуманнон Ғозиев аз чеҳраҳои мондагор ва шахсияти барҷастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар буда, ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии худро ба таҳкими қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзу посбонии давлати ҳуқуқбунёд, тарбияи кадрҳои шоистаи замон, бунёдкорӣ ва ободии диёр бахшидааст. Зиндагиномаи ӯ намунаи барҷастаи хизмат ба халқу Ватан ва дарси ибрати тамоми наслҳои минбаъда аст.

Чун ба саҳифаи китоби зиндагиномаи марҳум Абдуманнон Ғозиев менигарем, мебинем, ки яке аз шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон буданд, барои насли имрўз, бахусус барои кормнадони мақомоти корҳои дохила як мактаби таҷрибаи кору ҳаёт мебошанд. Омўзиши ҳаёту фаъолияти ин абармарди ватандўст дар тарбияи эҳсоси наҷиби ватандўстӣ, садоқату хизмат ба Ватан ва худшиносии миллӣ зарур аст. Пос доштани хотираи арбобони давлатӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ, ходимони илм, маориф, фарҳанг ва муҳофизони Ватан, ки аз сиёсати меҳварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ба ҳукми анъана даромадааст.

Зикр гардид, ки мо дар остонаи ҷашни 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки маҳз ҳамин анҷумани миллат ба бунёд ва рушди давлатдории мо таъсири амиқ гузоштааст ва чорабинии имрӯза низ бахшида ин ҷашни умумимиллӣ басо рамзист.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмати пайваставу шоистаи Абдуманнон Ғозиевро чандин карат бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидааст. Аз ҷумла бо унвони баланди Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия, бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барои хизмати аъло дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо медалу ифтихорномаву сипосномаҳо қадршиносӣ намудааст.

Чорабинии имрўза низ бо мақсади арҷгузорӣ ба кору пайкори фарзандони фарзонаи миллат рўйдоди воқеан хотирмон мебошад.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки фарзандону пайвандони марҳум Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Абдуманно Ғозиев дар оянда низ бо кору заҳматҳои шабонарўзӣ баҳри ободии Ватаан номи марҳумро боз ҳам зиндаву ҷовид хоҳанд гузошт.

Аз номи пайвандон Абдумуталим Каримов ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ва роҳбрияти РВКД-и вилоят арзи сипосмандӣ намуд.

Сипас дар вазъи тантаанавӣ парда аз лавҳаи насбшуда дар хонаи марҳум генерал-майор Абдуманнон Ғозиев бардошта шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд