(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altЧун анъана маросими навбатии супоридани Шаҳодатномаву идрорпулӣ ба муҳассилини Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспири шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар маросими бошукуҳ хонандагону омўзгорон, волидайн ва меҳмонон ҳузур доштанд.

Директори Марказ Ҳамида Ўрунова иттилоъ дод, ки Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспир дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 15 сол инҷониб фаъолият дошта, ба омўзонидани забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, курсҳои интенсивии равоншиносӣ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, инсоншиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ бо забони англисӣ машғул аст. Дар Марказ зиёда аз 10 нафар омўзгорони соҳибтаҷриба, докторони илм, номзадони илм, Аълочиёни маориф бо маоши хуб ва ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Аз тарафи муассиси Марказ Ҳамида Ӯрунова ва омӯзгори забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ Ортруд Ҳафнер Либел ба якчанд нафар омӯзгорони фаъол, ки хонандагонашон ба комёбиҳо мушарраф гардидаанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Сипас иштирокдорони фаъоли “Дебати бузург” муайян ва ғолибонашон қадршиносӣ гардиданд.

Чун анъана хонандагони беҳтарин соҳиби идрорпулии директори Марказ шуданд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба наздик 30 нафар муҳассилин шаҳодатномаҳои забономӯзии дараҷаи B2, аз руйи равияҳои англисӣ ва олмонӣ тақдим карда шуд.

Фирдавс Фахриддинзода, намояндаи Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят ва Абдурасул Аброров собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз заҳмати омўзгорон ва лаёқати муҳассилини Марказ тавсиф намуда, аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки бештар забон омўзанд ва Ватану миллати хешро сидқан дўст доранду дар пешрафту шукуфоии он саҳмгузорӣ намоянд.

Барномаҳои ҷолиби фарҳангии хонандагон анҷомбахши чорабинӣ буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд