(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, сарбозону афсаронро табрику таҳният гуфтанд.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки имсол дар арафаи тантанаҳои ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ба сокинони сарбаланди вилоят сидқан табрик гуфта, ба ҳамагон хотири ҷамъ, саломатии комил, хонаободӣ ва дастоварду муваффақиятҳои бепоён таманно менамоям. Конститутсияи давлати куҳанбунёди тоҷикон дар айёми ниҳоят вазнини вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷониби мардуми сарбаланду шарифи кишвар ҳамчун санади муқаддас, барномаи асосии фаъолияти давлат ва ҷомеа ҷонибдорӣ ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба марҳалаи нави таърихӣ ва устуворсозии пояҳои давлати мустақил заминаи боэътимод гузошт. Дар робита ба арзиш, аҳамият ва нақши ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад».

Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, комисари ҳарбии вилояти Суғд полковник Давлатшоҳ Мирзозода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз вазъи хизмати афсарону аскарон аз наздик шинос гардиданд.

Дар қисми низомии 3501-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рўзи қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан дастархони идона густурда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд