(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар факултети муҳандисӣ-технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷўён озмуни «Донишҷўйи ҳунармнад» ташкил ва баргузор гардид.

Директори донишкада Дилафрўз Саидӣ дар чорабинӣ иштирок ва баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки донишҷўёни донишкадаи политехникӣ барои беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва васеъ намудани маҳсулот ҳармарўза кўшиш ба харҷ медиҳанд. Рушди босуръати соҳаи саноат ва дар ин замина истеҳсол ва коркарди махсулоти саноати сабук, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Давлату Ҳукумат мебошад, барои таъмини ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва ба дастовардани маҳсулоти сифатан хуби ниёзи мардум мусоидат менамояд.

Таъкид шуд, ки ташкили чунин озмунҳо ҳавасманднамоии донишҷўён, мутахасисони оянда соҳа, коркарди идеяҳои нав ба нави оиди истеҳсоли ягон маҳсулоти ҷадид ва васеъ намудани номгўйи маҳсулоти соҳаи саноати сабук мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ сардори шуъбаи Агентии мехнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд Гулчеҳра Наҷмиддинзода низ баромад намуд.

Сипас аз рўйи «Тарроҳи беҳтарин», «Ҳунарманди беҳтарин», «Рассоми беҳтарин», «Пазандааи беҳтарин» донишҷўён маҳсули эҷод ва ҳунари хешро намоиш ва муаррифӣ намуданд.

Зимни баҳогузорӣ аз тарафи ҳайати ҳакамот махсусан ба ғояи омода намудани маҳсулот, мутобиқатии он санъату фарҳанги миллии мо, рақобатпазирии маҳсулот ба анъанаҳои мўди муосир, дизайн, зебоӣ ва ғайраҳо эътибори махсус зоҳир карда шуда, баҳогузорӣ гардид.

Ҳамин тавр ғолибон муаян шуданд:
Дар номинаи “Рассоми беҳтарин”: Мақоми аввал: Сабрина Фозилова, ҷойи дуюм Шоҳина Ғафурова ва зинаи сеюмро Манижа Пӯлотова ба даст оварданд. Дар бахши “Ҳунарманди беҳтарин” Рӯзигул Рӯзибоева, Тахмина Назарова ва Муҳаррамхон Маҳмудова мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд. Дар номинаи “Таррроҳи беҳтарин” ҷои якумро Нигора Шарифбоева, ҷойи дуюмро Малика Уралова ва мақоми сеюмро Кибриё Алиёрова гирифтанд. Дар номинатсияи “Пазандаи беҳтарин” М. Абдураҳмонов, Шоира Дадобоева ва Омина Ниёзова аз беҳтаринҳо муайян шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд