(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Конститутсия - қонуни зиндагӣ

Ҳамшаҳриёни азиз, шаҳрвандони гиромӣ!

Ҳар давлати мутамаддинро қонуни асосии он-Конститутсия идора карда, ҳуқуқҳои халқро пуштибонӣ, сарнавишташро муқаррар ва шакли давлатдориро муайян мекунад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар рўйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва омили рушди босуботу устувори ватани азизамон гардид. Конститутсия барҳақ мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар шаҳрванди ватандўсту худогоҳ мебошад.

Аз ин рў, ҳамагонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр кулли мардуми шарафманди Хуҷанди бостониро ба муносибати қабули қонуни асосӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Ин санади муқаддас Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми моро амалӣ сохт, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаро ба сўи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар гардонд. Чуноне дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати санади муқаддас бояд мавриди омўзиши дақиқи тамоми гурўҳҳо ва қишрҳои ҷомеа қарор гирад ва мо насли ҷавонро бояд дар рўҳияи эҳтиром ба он тарбия намоем. Омўзиши Конститутсия дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, ташкилоту корхонаҳо ба роҳ монда шуда, барои татбиқи он бояд тамоми воситаву имкониятҳо истифода шаванд».

Таҳияи Конститутсия бо ҷалби нерўҳои ақлонии ҷомеа, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифт. Бештари ҳамватанони мо дар раъйпурсии умумихалқии соли 1994 ба тарафдории қабули Конститутсияи нав овоз дода, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб карданд. Барпо намудани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар шаҳрвандро тақозо менамояд.

Бори дигар кулли мардуми шарафманду сарбаланди Хуҷандро ба ифтихори Рўзи Конститутсия табрик гуфта, ба хонадонашон хушиву хурсандӣ, иқболи баланд ва файзу баракат орзу мекунам. Бигзор Конститутсия чароғи абадии роҳнамо ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи фаъоли кишвар бошад!

Рўзи Қонуни асосӣ - ҳомии шаҳрвандон муборак, ҳамшаҳриёни азиз!