(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altГуруҳи кории таблиғотӣ тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти навбатиро анҷом дод.

Ин навбат гуруҳи корӣ бо сокинони маҳаллаи "Ваҳдат"-и шаҳр оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири намудани амалҳои номатлуб, самаранок истифода бурдани қувваи барқ, фаҳмонидани қоидаҳои буду бош дар давлатҳои хориҷа, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо фаъолони кумитаи маҳаллаи “Ваҳдат” ва устодону донишҷӯёни Филиали Донишгоҳи сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд сурат гирифт.

Дар мулоқот доир ба мавзуҳои матраҳшуда мушовири раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Наим Маликисломӣ, директори ФДССТ Манучеҳр Садриддинзода ва раиси кумитаи маҳаллаи “Ваҳдат” Р. Обидов баромад намуданд.

Зикр гардид, ки солҳои охир терроризм ҳамчун вабо паҳн гаштааст ва ба ҳаёти ободу осоиштаи ҷомеаи имрӯза зарар мерасонад ва намехоҳад, ки ҷомеаи имрӯза ба сулҳу субот зиндагӣ кунад. Бояд қайд кард, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо роҳҳои гуногун ба давлат ва халқ зарари худро мерасонад. Онҳо мавзеъҳои гуногунро метарконанд ва ба дили мардум тарсу ваҳм меоваранд. Барои пешгирии роҳи ҳаргуна рафторҳои номатлуб падару модар, гирду атроф ва ҷамъият бетараф набошанд ва фарзанди худро ба роҳи дуруст тарбия намуда, баҳри соҳибмаълумот гардидани эшон назорати ҷиддӣ зарур аст. Ҷавононро ба роҳи ватандӯстиву ватанпарастӣ равона намуда, ҷавобан ба ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Рахмон, ки ҳамаи шароитҳоро фароҳам кардаанд, кӯшиш намоем бо баҳои хубу аъло таҳсилро идома дода, соҳиби касбу кор гардида, барои Ватани азизи худ хизмат карда бошанд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриву мулоқотҳо оид ба масъалаҳои дар болозикргардида, корҳои фаҳмондадиҳиро байни мардум пурзӯр намуда, баҳри бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ буда, барои бунёдкориву созандагӣ ва ободонии кишвари соҳибистиқлоламон саҳм гузоштан мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд