(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №5-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии олимпиадаи мактаббачагон барои синфҳои 5-11 оғоз гардид. Олимпиада аз санаи 1 то 9 ноябр идома ёфта, аз рӯи 13 фанҳои таълимӣ гузаронида мешавад. Дар маҷмуъ дар олимпиада беш аз 1849 нафар ғолибони даври мактабӣ иштирок карда, донишу истеъдоди худро аз рӯи саволномаҳои тестӣ ва ба тариқи хаттӣ пешниҳод менамоянд. Ҳайати ҳакамон беҳтаринҳоро муайян намуда, барои иштирок дар давраҳои минбаъдаи олимпиада беҳтарин толибилмон сафарбар карда мешаванд.

Ҳадаф аз баргузории олимпиада пеш аз ҳама муайян намудани толибилмони беҳтарин, санҷиши донишу истеъдоди онҳо ва омода намудани беҳтаринҳо барои иштирок ба озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар ин самт барои дарёфти хонандагони болаёқат дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои муассир андешида шуда, ғолибон пайваста бо сипосномаву диплом ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд