(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБахшида ба 10 солагии таъсисёбии мактаби хусусии «Ирфон» дар ин муассисаи таълимӣ чорабинӣ баргузор гардид.

Мўсобек Самизода, раиси Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маорифи ва илми вилоят, Ғафур Дадобоев, раиси Иттифоқи касабаи маорифи шаҳри Хуҷанд, Абдумавлон Азимов, намояндаи Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Муяссар Ҳайдарзода, намояндаи Раёсати маорифи вилоят, профессор Низомиддин Муродӣ, шоир Баҳроми Раҳматзод ва дигарон аз роҳи тайкардаи ин муассисаи бонуфузи таълимӣ ёдоварӣ намуда, онро дар тарбияву ба камолрасонии наврасону ҷавонони ватандўсту хештаншинос ва босаводу кордон муҳим арёзбӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки 10 сол муқаддам дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби хусусии таҳсилоти миёнаи умумии «Ирфон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки иттилоъ дода шуда буд, ин мактаб аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ – падару писар Абдуалӣ ва Абдумалик Қурбоновҳо бунёд ёфта, бо 25 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз барои 500 нафар хонандагони хушлаёқат дар 2 баст пешбинӣ шуда буд. Тавре зикр гардид, ин мактаб дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба афзун намудани мактабҳои хусусӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфтааст.

Хонандагони мактаб, асосан бо тамоюли гуманитарӣ таҳсил намуда, бештар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ ва чинӣ машғуланд.

Умеда Муҳаммадзода, сарвари МТҒ «Ирфон» аз дастовардҳои 5 соли охири муассиса ёдоварӣ намуда, аз ҷумла иттилоъ дод, ки 36 нафар муҳассилин дар олимпиадаҳои шаҳрӣ, 11 нафар дар олимпиадаи вилоятӣ, 3 нафар дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, 38 нафар дар олимпиадаҳои байналхалқӣ, 56 нафар дар озмуни Академияи хурди илмҳо мақомҳои ифтихориро соҳиб гардиданд. Дар оянда низ кўшиш менамоянд, ки дар ин самт дастовардҳо афзун гардад.

Барномаи фарҳангии хонандагон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Муассиси МТҒ «Ирфон» Абдумалик Қурбонов ба кулли хонандагон, омўзгорон ва меҳмонон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки дар оянда низ баҳри рушду таавсеаи ин муассисаи таълимӣ аз тамоми имконоту василаҳо истифода карда, ба комёбиҳои нав шарафёб хоҳанд гардид.

Ба як қатор омўзгорони пешсаф ва собиқ роҳброн ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд