(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз пули асосии мошингузари хиёбони марказии шаҳри Хуҷанд пас аз таъмир дубора мавриди истифода қарор гирифт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сифати корҳои анҷомдодаи роҳсозон шинос шуда, барои ба нақша гирифтани бунёди боз як пул дар болои дарёи Сир ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд супоришҳо дод.
Таъмири пули мазкур, ки ду соҳили Сирдарёро ба ҳам мепайвандад, 25 октябр оғоз ёфта буд.

Пули мошингузар, ки беш аз 250 метр дарозӣ ва 11,6 метр паҳноӣ дорад, 60 сол инҷониб мавриди истифода қарор дошта, ба таъмир ниёз дошт.

Тибқи супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода давоми ҳафта корҳои таъмиру тармими пул ҷараён гирифта, қубурҳои обгузар таҷдид ва худи пул мумфарш карда шуд.

Фармоишгари корҳои таъмирӣ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчии корҳо ҶДММ "Роҳи Ваҳдат" мебошад.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути пул чун пештара идома дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд