(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №16-и шаҳри Хуҷанд ба истиқболи 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Иҷлосияи наҷотбахш-поягузори давлати миллии тоҷикон” баргузор гардид.

Нахуст хонандагон дар васфи “Ватан” суруди ҷолиб иҷро намуда, монтажи адабӣ аз тарафи хонандагон дар васфи Иҷлосияи тақдирсоз, Пешвои миллат, Ватан ва Тоҷикистон» қироат гардид.

Таъкид шуд, ки туфайли Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар кишвар Ҳукумати конститутсионӣ барқарор гардид ва шахсияти арзандае Сарвари давлат интихоб шуд, ки рушду такомул, сулҳу ваҳдат ва пешрафти минбаъдаи кишвар бо номи ӯ вобастагӣ дошту дорад. Иҷлосия истиқлоли воқеии миллати тоҷикро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин намуда, барои худшиносии миллӣ ва иқдомҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Кулли дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон аз қарорҳои таърихиву дигар санадҳои қабулкардаи он сарчашма мегиранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал нишон доданд, ки сиёсатмадори барҷаставу роҳбари хирадманд ҳастанд. Имрӯз тамоми музаффариятҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ бо номи ин абармарди давлатсоз гиреҳ мехӯранд.

Монолог дар васфи «Таърих ва қаҳрамонони Тоҷикистон», сурудҳои «Қасри Арбоб», «Шукрона» дар иҷрои хонандагон хелеҷолиб ва форам суруда шуд. Намоиши навҳои гуногуни либосҳои миллӣ дар давраҳои мухталиф бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ манзур карда шуд. Кӯдакон рақси ҷолиберо зери навои «Шодиёна» пешниҳод карданд. Суруди «Ватан» анҷомбахши чорабинӣ буд.

Муқим Болтуев, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ба мазмуну мундариҷаи чорабинӣ баҳои баланд дода, ба ташкилкунандагони он ва маъмурияти муассисаи таълимӣ миннатдорӣ баён намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд