(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд усулҳои нави пешниҳоди дарсҳои ҳисоботӣ бо шакли ҷадид ва муфиду интенсивӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Имрўз дар доираи маашварати директорони муассисаҳои таълимӣ дар 45 дақиқа якбора 6 дарсҳои гуногунфанни ҳисоботӣ, ки ҳар як дарс 7-8 дақиқаро дарбар мегирифт, пешниҳод карда шуд.

Омӯзгорони фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ: Роҳат Тоҷибоева, омӯзгори фанни алгебра дар мавзӯи «Хосиятҳои функсияи нишондиҳандагӣ», Саида Садриддинзода, омӯзгори фанни забони русӣ дар мавзӯи «Любовь в духовном мире человека», Фарангис Ҷӯраева, омӯзгори фанни забони англисӣ дар мавзӯи «The Capitoline Vanus Secondary”, Аҳмад Маҳмудов, омӯзгори фанни биология дар мавзӯи «Селексияи микроорганизмҳо», Мушарраф Ҳоҷибоева, омӯзгори фанни химия дар мавзӯи «Сохти модда» ва Мақсуд Шарипов, омӯзгори фанни физика дар мавзӯи «Конденсатор дар занҷири ҷараёни тағйирёбанда» ҳамагон бо баёни мавзуи дар умум 45 дақиқа бо хонандагони синфи 11А –и равияи табии математикӣ машғулиятҳои таълимиро тариқи интенсивӣ манзур намуданд.

Дар ҷараёни машғулият омўзгор бо лаҳни озод ва самимӣ дарсро баён ва дар як вақт аз хонандагон тариқи тестӣ, пурсиши даҳонӣ ва амалан азхудкунии мавзуъро бомаҳоратона талаб намуда, баҳогузорӣ кард.

Хонандагон зимни азхудкунии мавзуи дарс фаъолнокӣ зоҳир намуда, кўшиш мекарданд, ки дар машғулият бештар фаъол бошанд. Дар як вақт истифода намудан аз воситаҳои гуногуни таълимӣ, аёният, тестҳо, 4 адад тахтаи синфӣ, тахтаи электронӣ, слайд мавзуъро шавқовар ва дарсҳои қаблиро қолабшиканӣ намуда, хонандагонро водор месохт, ки фаъолнокии бештар зоҳир намоянд.

Зимни баррасӣ ва таҳлили дарсҳо Муяссара Салимова, директори МТМУ №9, Матлуба Муинова, сарвари гимназияи “Гулчини маърифат”, Муҳайё Акмалхўҷаева сарвари литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Муқаддас Азимова, директори МТМУ №19-и шаҳри Хуҷанд ва дигарон ба мазмун ва мундариҷаи дарсҳои ҳисоботӣ баҳои баланд дода, бо чунин усул пешниҳод шудани онро истиқболи гарм намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд