(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТТ №2-и шаҳри Хуҷанд машварати Иттиҳодияи методии сармураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баргузор гардид.

Роҳбари Иттиҳодияи методии мазкур, Малика Исобоева баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки аз даврони ба даст овардани Истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам сохтани ҳама гуна шароит барои кӯдакону наврасон ҳамасола бо роҳи қабули қонуну қарорҳо ва ба тасвиб расонидани конвенсияҳои СММ саъю талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар ҷумҳурии мо қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар низоми қонунгузории Тоҷикистон мавқеи махсуси хешро пайдо намуд. Қабули чунин санади миллӣ таҷассуми сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ ба камол расидани онҳо мебошад.

Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 иброз доштанд, «мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам орем. Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти мамлакат пешбинӣ гардидаанд».

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 22 муассисаи томактабӣ таъсис дода шуд, аз ҷумла 7 адади он ба шаҳри Душанбе, 7 адад ба вилояти Суғд, 6 адад ба вилояти Хатлон ва 2 муассисаи дигар ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» дар марҳилаи якум барои солҳои 2022-2024 таҳия, бо вазорату идораҳои марбута мувофиқа ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар ҷараёни машварат роҷеъ ба тахлили мазмун ва истифодаи дурусти Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кўдакони синни томактабӣ «Рангинкамон», ташаккули шахсият дар фаъолияти бозӣ ва меҳнат ва ғайраҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сипас машғулияти намунавии мураббияи ширхоргоҳ-кўдакистони №2 манзури ҳозирин гардонида шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд