(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нафарони маъюбу эҳтиёҷманд аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аёдат карда шуд.

Фирдавс Шарифзода ҳангоми дидорбинӣ бо аёдатшудагон гуфт, ки бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ мо ҳамагон бо аъмоли нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, аёдати беморон ва эҳтироми якдигар аз ҳоли эҳтиёҷмандон ва ашхоси хизматнамуда бохабар мегардем. Ин пеш аз ҳама рисолати асосии шаҳрдорӣ буда, арҷ гузоштан ба хизмати эшон мебошад.

Шаҳрдор зимни суҳбати озод бо ашхоси камбизоат ва бемор омодагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро ҷиҳати бартараф намудани мушкилоташон изҳор дошта, таъкид намуд, ки онҳо ҳаргиз танҳо нестанд ва ҳамеша ба Давлату Ҳукумат такя намоянд.

Аёдатшудагон, сокинони маҳаллаҳои «Темурмалик» ва «Тиллокон» Муқаддас Самадова ва Бирозия Ёқубова, ки ҳар ду маъюби дараҷаи дуюм мебошанд, барои таваҷҷуҳ ва ғамхорї ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, барои пешрафту шукуфоӣ, амну осоиш, таҳкими ризоияту оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар миёни аҳли ҷомеа дуои нек намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд