(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ №4, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо интихобкунандагони маҳаллаҳои “Тиллокон” ва “Темурмалик” баргузор гардид.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода нахуст доир ба дастовардҳои 9 моҳи соли равон ба ҳозирин иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Дар давраи ҳисоботӣ саноатчиёни шаҳр иқдоми ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд, бо мамнуният ҷонибдорӣ намуда, дар раванди рушди босуръати ин соҳа ташаббусҳои некро амалӣ гардонида, чораҳои судманд андешида истодаанд.

Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 1074,8 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 117,1 фоизро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба маблағи 292,0 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 27,1 дар сад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.

Бояд қайд намуд, ки дар 9 моҳи соли равон 16 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 184 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 195 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби 92 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 544,4 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 106,1 млн. сомонӣ ё 24,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра аз 136 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 55 намуд ё 40,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Инчунин номгўи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ, пойафзоли бачагона ва дигарон мисол шуда метавонанд.

Давраи сипаригашта дар шаҳри Хуҷанд тибқи иҷроиши дастуру супоришҳо ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Корхонаи ҳасиббарории Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Толиб Дадобоев”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд.

Ҷамъияти мазкур бо тамғаи маҳсулоти гўштии “Дилшод” навъҳои гуногуни ҳасиб ва мувофиқи талаботи бозор 8 намуд ҳасибча истеҳсол мекунад. Дар ҷамъияти мазкур 25 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардида, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомўзии кор бо технологияи соҳавӣ гузаштаанд. Айни замон дар корхона истеҳсоли то 30 намуди маҳсулоти гўштӣ роҳандозӣ гардидааст. Хатҳои истеҳсолии корхонаи мазкур аз Олмон, Федератсияи Русия, ҷумҳурии Беларус ва Чин харидорӣ гардида, бо истифода аз ин имконот истеҳсолот дар доираи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардидааст.

Илова бар ин, бо иштироки Сарвари кишварамон санаи 15 апрели соли ҷорӣ ҶДММ “Хуҷандторгмаш” дар ҳамкорӣ бо корхонаи истеҳсоли лифти “Могилёвлифтмаш”-и Ҷумҳурии Беларус фаъолияти истеҳсолии коргоҳи “Хуҷанд-Могилёвлифтмаш” дар масоҳати 0,1 гектар бо ҷалби 2,9 миллион сомонӣ сармоя ифтитоҳ гардид.

Қайд кардан бамаврид аст, ки чораҳои амалишуда ҷиҳати афзоиш ёфтани иқтидори истеҳсолии маҳсулотҳои рақобатпазиру воридотивазкунанда, ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва манбаҳои андоз ба буҷети давлатӣ заминаи устувор гузоштанд.

Фирдавс Шарифзода доир ба тадбирҳои 35 солагии Истиқлолият андешидашуда иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки бахшида ба ин ҷашни умумимиллӣ сохтмон ва азнавсозии 590 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба имрўз 158 адад иншоот мавриди баҳрабаардорӣ қарор дода шуд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳамзамон доир ба масоили рўзмарраи ҷомеа андешаронӣ намуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта мсъулинро муваззаф намуд.

Мулоқот бо пешниҳоди мушкилоти маҳал ва роҳи ҳалли он анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд