(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар чойхонаи «Сари санг»-и маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Масчиди сурх №5 Дилафрӯз Саидӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Вакили вилоятӣ Дилафрўз Саидӣ дар ҷараёни мулоқот доир ба дастовардҳои Истиқлолият, моҳияти Ваҳдати миллӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлолият, сазовор истиқбол намудани 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ҳарбӣ-ватандўстии ҷавонон, пешгирии ҷалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба таълимоти динӣ, тақлидкорӣ ба либосу оинҳои бегона ва ғайра андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар 31 соли соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати нави маорифу фарҳанг ба вуҷуд оварда шуд, ки ба гиромидошти гузаштаи пурифтихор, ҳифзи анъанаҳои неки мавҷуда ва бунёди ояндаи дурахшон нигаронида шудааст. Истиқлолияти фарҳангии мо ба даст омад, ки дар амри дастьёбӣ ба он саҳми Пешвои миллат бисёр бузург аст.

Зикр шуд, ки Истиқлолият рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил ва кору пайкорҳои созандагӣ ба хотири таъмини бахту саодати воқеии миллатҳо мебошад. Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Маҳз бо шарофати Истиқлолият шароит фароҳам гардид, ки Тоҷикистон ва халқи он дар зарфи сиву як соли давлатдории навин дар тамоми соҳаҳо, бахусус дар самти мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, қабули рамзҳои давлатӣ, таъсиси Артиши миллии боэътимод, ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ, таъмину ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, саноату энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастоварду муваффақияти назаррас ноил гарданд.

Дар анҷоми мулоқот доир ба муаммову мушкилоти ҳавзаи интихоботӣ ба вакили Маҷлиси вилоятӣ аз ҷониби интихобкунандагон пешниҳод гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд