(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо ва тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар бораи гузаронидани вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр оид ба баррасии масъалаҳои даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии амалҳои номалуб, самаранок истифода бурдани қувваи барқ, фаҳмонидани қоидаҳои буду бош дар дар давлатҳои хориҷ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар чойхонаи кумитаи маҳаллаи “Қорираҳмат Қурбонов” бо сокинони фаъоли маҳаллаи мазкур мулоқот баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аъзои фаъоли гуруҳи таблиғотии назди кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Зайниддин Зунухӯҷаев ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдумуталиб Яқубов, раиси маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов Мансуров Ё. ширкат намуда, оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида баромад карданд. Тарғиботчиён зимни баромади хеш аз сокинони маҳалла даъват ба амал оварданд, ки дар ҳамкорӣ бо фаъолони маҳалла метавонанд, баҳри пешгирии ҳаргуна корҳои номатлуб байни ҷавонону наврасон ва дигар қонунвайронкуниҳо гардида, ҷомеаро ба роҳи рост ва ҷавононро барои ҳимояи марзу буми кишвар, ватандӯстию хештаншиносӣ ҳидоят карда бошанд.