(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ифтитоҳи маркази нави хизматрасонӣ ва савдо бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд.Бахшида ба таҷлили 20 солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони тоҷикӣ, Иди Қурбон дар шаҳри Хуҷанд дар баробари баргузори чорабиниҳои мухталиф, корхонаю марказҳои нави хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд.
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд дар кушодашавии ботантанаи ду муассисаи нави хизматрасонӣ ва савдо иштирок намуд.
Маркази хизматрасонии «Себарга» дар маҳаллаи «Навбаҳор»- шаҳри Хуҷанд барои 50 нафар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, музди миёнаи маоши онҳо ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод. Марказ бо сарфи зиёда аз як миллион сомонӣ бунёд ёфта, он аз тарабхона,мағоза, чойхона ва қаҳвахона иборат аст. Пешбинӣ мешавад, ки минбаъд дар ин марказ  барои занони маҳаллаи мазкур сехи дӯзандагӣ ва қаннодӣ фаъолият хоҳад кард. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздиди ин иншоот аз тарзи ороиш, нақшу нигори миллӣ, шароитҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда,таъкид намуд,ки маҳз кушишҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ барои фаъолияти озод ва густардаи соҳибкорони маҳаллӣ  натиҷаҳои пурсамари худро дода истодааст.
Маркази хизматрасонии «Себарга» дар маҳаллаи мазкур беназир аст. Зеро тамоми ороиши чойхона ва тарбахона бо истифода аз  унсурҳои тоҷикии маҳаллӣ, истифодаи  ранг, мато ашёҳои хоси ҷиҳози мардуми Хуҷанд оро дода шудаанд. Раиси шаҳри Хуҷанд аз соҳибкор ва муассиси марказ Мирзодаврон Рашидов даъват намуд,ки сифати хизматрасониро баланд бардошта нисбати нархҳои хизматрасонӣ ва маҳсулои пешниҳодмешуда назорати қатъӣ баранд.
Дар расми оғози фаъолияти марказ ҳамчунин маросими хатнатӯйии 10 нафар кӯдакон баргузор гардид. Раҷаббой Аҳмадзода волидайни онҳоро бо рӯзхои хотирмони таърихӣ  табрик намуда,ба ҳамаи онҳо тӯҳфаҳои молию пулӣ супорид.
Дар қисмати дигар маҳаллаи мазкур як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ иборат аз 12 ҳуҷра ва дар ошёнаи якум маркази савдо бо номи «Набиҷон» бо 10 ҷойи корӣ мавриди истифода  қарор гирифт. Дар ифтитоҳи расмии он Раиси шаҳри Хуҷанд кулли ҳозиронро бо  идҳои дар пеш истода табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд,ки мардуми шаҳри бостонии Хуҷанд барои ғамхориҳои пайвастаи сарвари давлат шукргузорӣ хоҳанд кард. Зеро танҳо соли равон ба фаъолият шурӯъ намудани 30 корхонаи нави истеҳсолӣ,80 иншоотхои нави гуногун далели гуфтаҳои болост.
Соҳибкор Абдувалӣ Шерматов  барои бунёди маркази мавдои «Набиҷон»   зиёда аз як миллион сомонӣ маблағ сарф намуда, барои кормандон то ҳазор сомонӣ маош дода мешавад.
Ба соҳибкор тавсия дода шуд, ки дар рӯзи оғози фаъолияти марказ то 10 фоиз нархи маҳсулот  аз нархҳои муқаррарии ҳаррӯза арзон карда шуда ба сокинони яккаву танҳо ва ниёзманд то таҷлили Иди Қурбон кӯмаки яквақта иборат аз маводи ғизо дастрас карда шавад.