(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд 164 нафар ғолибони даври шаҳрии озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурўғи маърифат” бо маблағҳои пулии 500, 700 ва 1000 сомонӣ қадршиносӣ гардиданд.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд қабл аз қадршиносӣ таъкид намуд, ки озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад. Озмуни “Илм-фурўғи маърифат” бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 89 нафар ғолибони даври шаҳрии озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ва 75 нафар ғолибони даври шаҳрии “Илм-фурўғи маърифат” аз тарафи Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва Абдураҳмон Шарипов мудири шуъбаи маорифи шаҳр диплом ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи муқаррароти озмун ба волидайн ва омўзгорони ғолибони ҷойҳои якум ва дуюми озмунҳои зикршуда низ маблағҳои пулӣ дода мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд