(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altCубҳи имрӯз чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар майдони назди театри Камоли Хуҷандӣ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ташкил карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ярмаркаи мазкур дар ин мавзеъ ҳар ҳафта то охири соли равон баргузор мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум, захираи маҳсулот ба зимистон бо нархҳои дастрас тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.

Бояд қайд намуд, ки дар ярмарка фаровонии маҳсулот ба мушоҳида мерасид. Иттилоъ дода шуд, ки дар 9 моҳи соли раовн кишоварзони вилоят ба маблағи беш аз 10, 8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки танҳо маҳсулоти ғалладонагӣ беш аз 50 ҳазор тонна ва картошка 20 000 тонна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд истеҳсол карда шудааст. Имрӯз номгӯйи беш аз 15 намуди маҳсулоти озуқаворӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта арзон шудааст.

Бояд зикр намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар ин мавзеи шаҳри Хуҷанд ташкил намудани ярмарка бо мақсади пешгирии баландшавии арзиши маҳсулотҳои хўрока ба ҳукми анъана даромадааст.

Ҳамзамон дар ин мавзеъ Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил кардаа шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд