(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altОзмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № РП-44 аз 11 феврали соли 2021 ва бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт баргузор мегардад.

Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Академияи миллии илмҳо, Вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияи нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ ва саридораи геология масъулини баргузории он мебошанд.

Даври вилоятии озмуни мазкур дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Бӯстон баргузор гардида, довталабон аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия,химия,биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ дониш ва малакаи худро санфиданд. Маврид ба зикр аст, ки дар даври вилоятии озмун 785 нафар ғолибони даври авввали озмун донишҷӯён аз Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳо аз рӯйи ихтисос), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат доштанд.

Шарафи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро 8 нафар ғолибони даври шаҳрӣ ҳимоя намуда, дар натиҷа 7 нафар - Зоҳирова Меҳрангез, дар номенатсияи химия ҷои 1, Абдураупов Манучеҳр дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ ҷои 1, Исобоева Фараҳноз дар номинатсияи ихтирокорӣ ва навоварӣ ҷойи 2, Файзиев Амонҷон дар номинатсияи физика ҷои 2, Дадохонов Мирзомуин дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ ҷои 2, Эргашбоев Мирҷалол аз номинатсияи математика ҷои 2 ва Пирназаров Бегзод дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ мақоми 3 юмро ба даст оварданд.
Акнун ин нафарони ғолиб дар даври ҷумҳуриявии озмун вилояти Суғдро намояндагӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта се нафар устодон ва донишҷӯёни донишкада дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ҷойҳои ифтихории дуюми сеюмро гирифта буданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд