(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Ҳамоиши занони фаъоли шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Нақши бонувон дар раванди Иҷлосияи тақдирсози миллат" баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд нишастро ҳусни оғоз бахшида, ҳадаф аз баргузории онро шарҳ дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки дар ташкил ва баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ва саҳми бонувони вакилинтихобшуда дар ин рўйдоди муҳими таърихӣ хеле муассир ва омўзанда аст.

Дар даврони пас аз касби истиқлолияти давлатии кишварамон Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар партави татбиқи қарору санадҳои муҳими қабулнамудааш имконоти рушди минбаъдаи муътадили ҷомеаи тоҷикро муяссар гардонид. Иҷлосияи XVI замоне баргузор гашт, ки парокандагии сиёсӣ дар ҷомеаи тоҷик на танҳо дар фазои мафкуравӣ, балки дар табиати муносибату ҳамдигарпазирии мардуми минтақаҳои гуногун амиқ реша давонда буд ва бархе аз онҳо аз паси сангарҳо тавассути зӯри силоҳ муносибаташонро бо ҳамдигар муайян карданӣ мешуданд. Ҳар гурӯҳ талош меварзид, ки самти тараққиёти ҷомеа тибқи ҳадафу манфиатҳои он пеш равад ва мутаассифона, аксарияти зимомдорони онвақтаи давлат ҷуръату масъулияти ба ҳам наздик кардани манфиати ин гурӯҳҳоро дар атрофи наҷоти Тоҷикистон нишон намедоданд. Дар натиҷа ҷомеа ҳарчи бештар ба вартаи рукуди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ наздиктар мешуд.

Др ҳамоиш вакили Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ Ғаффорхон Муҳиддинов, доктори илмҳои филологӣ Умеда Ғаффорӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Мукарраама Бузрукова, собиқадори меҳнат Муҳаббат Нозимова ва дигарон баромад намуда, аз лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи тақдирсоз ёдоварӣ ва нақши Раиси интихобгардидаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устувор намудани пояҳои давлатдорӣ ва рушди хоҷагии хаалқи ҷумҳурӣ маълумот доданд.

Таъкид гардид, ки бо назардошти талаботи тараққиёти ҷомеа Иҷлосияи XVI чунин роҳбарии сиёсиро дар симои яке аз намояндагони халқ –Эмомалӣ Раҳмон дақиқан шинохту рӯи кор овард, ки минбаъд таҳкими асосҳои сулҳу ваҳдат, тартиботи ҷамъиятӣ ва рушди давлатдории навини тоҷик бо фаъолияти созандаи ӯ робитаи ногусастанӣ пайдо кард. Чунин интихоби вакилони мардумӣ асосҳои воқеӣ дошт, зеро ҳанӯз дар оғози нооромиҳои иҷтимоӣ ва муҳокимаи онҳо дар ҷаласаҳои пештараи Шӯрои Олӣ баромадҳои ҷасуронаи вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳз барои волоият ва ҳимояи қонунҳои амалкунанда равона гардида буданд. Ин баромадҳо аз он шаҳодат медоданд, ки ӯ дорои хислатҳои дурандешӣ, роҳбарӣ, ҳақиқатпарастӣ, ҷасорати хосса буда, ҳамчун сиёсатмадори варзида маҳз дар ҳамон солҳои муқовимати шаҳрвандӣ ташаккул ва такомул ёфтаанд. Вақте ки як қисми вакилони мардумиро гаравгон гирифта буданд, маҳз Эмомалӣ Раҳмон барои озод намудани онҳо аз минбари Шӯрои Олӣ овоз баланд намуда, қотеъона озод намудани вакилонро талаб намуданд. Дар он шароит ба миён гузоштани ин масъала ҷасорати баланди шахсӣ ва сиёсӣ талаб менамуд. Зеро худи ӯро метавонистанд гурӯҳҳои поймолкунандаи ҳама гуна меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда ба гарав гиранд. Ба ин нигоҳ накарда, масъалаи мазкурро бо исрор ба миён гузоштанд ва вакилони мардум озод гардиданд.

Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷиконро пешгирӣ кард. Ин иҷлосия аз лаҳзаҳои аввали фаъолияташ манфиатҳои умумимиллию умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар дониста, ба волоияти қонун ва бо роҳи қонунӣ ҳал намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии кишвар ибтидо гузошт.

Роҳи расидан ба сулҳ басо душвор, пурмонеа ва ноҳамвор буд. Ба хотири таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ дар шароите, ки ҳеҷ кас кафолати амнияти Роҳбари давлатро дода наметавонист, Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои ноороми кишвар ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафарҳои зиёде анҷом доданд. Чун фарзанди фарзонаи ин миллат ба қавли додаашон содиқ монда, ҳамватанони гурезаи моро ба Ватан ва сулҳро ба ҳар хонадони Тоҷикистон оварданд.

Мояи ифтихор аст, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон дар таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир эътироф шуда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст.

Сипас ба 30 нафар шунавандагони курси "Зан-савар" гувоҳномаҳо тақдим карда шуданд.

Барномаи фарҳангии аҳли санъат ба ҳамоиш ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд