(2 голоса, среднее 1.50 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altВоқеан, масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросим чанд соли охир дар мадди назари масъулин қарор дорад. Баъди қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зиёд ба сомон мерасанд. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Анъана ва ҷашну маросими мардумӣ дар инкишофи ваҳдату худшиносии миллӣ, дўстиву рафоқат, якдигарфаҳмӣ, меҳмондориву рўзгордорӣ, ғамхориву шафқат ба ҳамдигар аҳамияти зиёди маънавию тарбиявӣ доранд.

Муваффақиятҳои назарраси он аз фаъолияти самараноки Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии бузург дорад.

Саҳеҳтар таҳлил намоем, понздаҳ сол инҷониб қонуни мазкур тавонист ба кулли мардуми кишвар ҳаёти сабукбору осонро нишон диҳад. Аниқтараш, ба шарофати ин қонун соҳибони тўю маърака ба фоидаи буҷаи оила кор карда, аз бемантиқ сарф намудани маблағ худдорӣ намуданд. Оилаҳое буданд, ки ба тўйи хонадоршавии фарзандонашон то ҳазор нафарро даъват намуда, шиками ҳамаи онҳоро сер мекарданд. Оҳиста-оҳиста мардум фаҳмид, ки моҳияти қонуни мазкур зиндагии осоиштаро таъмин сохтан аст.

Масалан, бино ба гуфти мардуми дурбин тўй бо яксаду панҷоҳ нафар ба дараҷаи олӣ мегузарад: бе қарз, бе камбудӣ, бе сархамӣ назди касе. Ин фактҳо кайҳо исботи худро ёфтаанд. Худнамоию зиёдаравии бархе мардум то ҷое расида буд, ки тўйдор меҳмони даъваткардаашро ҳатто намешинохт. Ҳатто кӣ ва аз куҷо будани меҳмонро намедонист ва чунин манзараи хандаовар қобили қабул гашта буд.

Бале, маъракаҳои тўй, тўйбарон ва оши наҳор анъанаи қадимаи тоҷикон буда, илова ба ин орзуву умеди ҳар инсон мебошад. Бе чунин маъракаҳо зиндагии минбаъдаи навхонадорон мазмуну кайфият надорад. Баргузории домодталабону келинсалом, зодрўз, хатнасур (албатта, дар доираи оила!) ҳам дар ҳаёти инсон нақши калон доранд. Аммо чунин чорабиниҳо низ бояд аз рўи меъёри қонун бошанд. Мутаассифона, се-чор соли охир ба қавле «нағмаи нав» ба мўд баромадааст. Чунин шахсонро шояд «касали либос» гўем, хато накунем. Волидайне, ки ҳамеша аз камбудии зиндагӣ шикоят мекунанд, падарону модароне, ки аз маоши кам нороҳатанд, шахсоне, ки гўё аз қиматии нархи анвои бозор ғам мехўранд, нафароне, ки аз сабаби вазнинии зиндагӣ гўё базўр қутти лоямут меёбанд, ба тўйи хонадоршавии фарзандонашон маблағҳои ҳангуфтро ба дастархонороиву харидани ҷиҳоз (киҳит) мерезанд… Бале, чунин худнамоӣ ҳам гўё ба ҳар шахс ҳатмӣ шудааст. Бархе мардум фақат барои худнамоӣ ҷиҳоз мехарад, давомаш муҳим не! Оё онро мепўшад ва ё он лозим мешавад ва ё не? Ба он навбат меояд ва ё пўшидани онро шавҳар иҷозат медиҳад ё не? Муҳим гирду атроф, хешу ақрабо ва аз ҳама муҳим хушдоманро қоил кунанд, кифоя!

Мутаассифона, то ба ҳамин ҳам омада расидем, яъне, акнун ба исрофи либосу матоъ гузаштем. Ҳама, махсусан, ҷониби домод аз тарафи келин умеди калон дорад: келин бо ҷиҳози бениҳоят калон меояду авлоди ўро ба ҳайрат мегузорад. Муҳим ҳама қоил мешаванд, ки аз хонадони сарватманд келин овардааст. Пагоҳи тўй «рўйбинон» расм шудааст, ки боз манзараи ҳаҷвиро мемонад. Келин ба ҳама меҳмоне, ки хушдоманаш ҷамъ меорад, тўҳфаҳои бисёру гаронарзиш медиҳад. Акнун баробари кўдакон, ҷавонону миёнсолон, пирону куҳансолон ба гирифтани тўҳфа талабгоранд: наход онҳо ҳам ба тўҳфа наарзанд? Охир онҳо ҳам хоҳару додар, холаву амаки домод, ҳамсари тағову дигару дигар-ку?

Аз овардани чунин манзараи мазҳакавӣ шояд ба иззати нафси нафаре расем, аммо ин ҳолат, ҳақиқатан хандаи касро меорад. Зеро назди хушбахтии оила чунин худнамоӣ ягон арзиш надорад. Ҳеҷ гоҳ ҷиҳози бисёри гаронарзишу қоил намудани аъзои оилаву авлоди домод кафолати хушбахтиву осудахотирии оила шуда наметавонад. Кафолати хушбахтии ҳар оила тарбияи хуб, дониши казоӣ, касбу ҳунар, иззати ҳамдигар ҳасту халос! Тақдими либосу ба ҳайрат овардани қудову дигар пайвандонаш ҳеҷ гоҳ ба хушбахтӣ намерасонад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки исрофкорӣ ва худнамоӣ боиси пастравии сатҳи маънавиёту зиндагии қисми зиёди мардуми камбизоат гардида, монеъ ба пешравии ҷамъият ва давлат ба сўйи тамаддуни умумибашарӣ, сохтани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мегардад. Бинобар ин, дар шароити муосир қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим яке аз масъалаҳои муҳим буда, таваҷҷўҳ ва таҳлили ҳамаҷонибаро тақозо менамояд. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд. Он кас ҷонибдори онанд, ки бар ивази исрофкорӣ мардум маблағҳояшонро барои шароити хуби рўзгор, таълими фарзандон, хайру эҳсонкорӣ масраф намоянд. Зеро чунин аст моҳияти зиндагӣ – хуб зистан, фарзандро ба роҳи рост ҳидоят кардан ва ба дуои халқ сазовор шудан.

Шояд то ҳол бархе мардум моҳияти ба танзим даровардани ҷашну маросимро надонад. Шояд дарк накунад, ки сабаби ба танзим рўй овардани Ҳукумати кишвар танҳо барои осудаҳоливу хуб гаштани шароити зиндагии онон нигаронида шудааст. Вале дар ҷамъият баъзе нафароне ҳастанд, ки давлаташон аз ҳад зиёд асту мехоҳанд ба тамоми мардум фақат зиёфат кунанду дороии худро нишон диҳанд. Ба ин нафарон пешниҳод ҳаст: ба ҷойи оростани дастархони бодабдаба, харидани ҷиҳози гаронарзиш, ки ҳатто онро фарзандонашон ба бар намекунанд ва илова ба ин, навбат ба пўшидани он намеояд, метавонанд маблағи изофагии худро ба хонаҳои кўдакон, оилаҳои камбизоат, шахсони ғайри қобили меҳнат ва беморхонаҳо ба таври закот ва хайрот супоранд.
Хуллас, қабули қонуни мазкур дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дастоварди муҳими ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ буда, натиҷаи заҳмату талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Акнун, баъд аз қабули қонун давлат тавассути мақомоти муқарраргардида метавонад идоракуниро амалӣ намуда, танзимро дар ин соҳаи муҳими иҷтимоии ҳаёти шаҳрвандон ба роҳ монад.


Таҳмина АЮБОВА,
«Тирози ҷаҳон»