(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар кўдакистони №24-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ бо баргузории як маҳфил Иди Меҳргон таҷлил кардаа шуд.

Тарбиятгирандагон шеъру суруд ва таронаҳои ҷолибро доир ба Иди Меҳргон пешкаши ҳозирин намуданд.

Таъкид шуд, ки Меҳргон-маънои меҳру муҳаббат, рамзи дўстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро ифода месозад.

Пайдоиши иди Меҳргон бо анъанаҳои парастиши Офтоб, нур ва гармӣ алоқаманд аст. Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст. Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд.
Чорабиниро маъмурияти муассисаи таълимӣ мушоҳида намуда, ба сатҳи баргузории он баҳои баланд дод, аз ҷумла зикр доштанд, ки Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Ан ин рӯ ҷашни мазкур ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар мамлакат таҷлил карда мешавад. Меҳргон воқеан ҳам ҷашни мардумӣ буда, маҳбубияти он аз замонҳои бостон то ба рӯзгори мо расидааст.

Воқеан ҳам Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро, рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рўзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд