(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи ба номи «Қорираҳмат Қурбонов».Сокинони маҳаллаи ба номи «Қорираҳмат Қурбонов дар маҷлисгоҳи мактаб-парваришгоҳи махсуси ёрирасони маркази вилоят бо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой мулоқоти самими  анҷом доданд. Раиси шаҳр ёдовар шуд, ки ин вохуриҳо дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.
Дар суханони муқаддимавии худ Раҷаббой Аҳмадзода доири натиҷаҳои соҳаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд маълумот дода, таъкид намуд,ки натиҷаҳои нӯҳмоҳа ва иҷроиши нақшаҳои пешбинишуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми шарифи шаҳри бостонӣ барои ноил шудан ба ин дастовардхо саю кӯшиш намуданд. Ташкили коронаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, дастгирии аҳолии ниёзманд, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, таъмир ва пурра мумфаршкуниии роҳҳо, вусъати тозаи корҳои созандагию ободонӣ, номгӯи нопурраи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва мардуми шаҳр аст. Имом-хатиби масҷиди «Нури Ислом»  Ҳоҷӣ Ибодулло Қалонзода бо  далелҳои  асоснок ва аҳкоми шаръӣ даъват намуд,ки риояи симои зоҳирии ҳар як мусалмон ва муслима ин арҷгузорӣ  ба анъанаҳои ниёгонамон буда, аз бар намудани либосҳои ғайрианъанавӣ  барои мардуми мо ҷоиз нест. Дар баробари ин баромадкунанда қайд намуд,ки ҳар кори амали нек асоси зиндагии ҳар як фарди мусалмон бошад. Зеро сари вакт пешгирӣ накардан, бетарафӣ намудан сабабгори бисёр аз бадбахтиҳои мардум мешавад, ки мисолҳои он имрӯз дар ҷахон кам нест.
Раиси Шӯрои бибиотунҳо Мастура Темирова дар бораи пешгирӣ намудани ҳолатҳои шомилшавии сокинон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, тарбия ҷавонон дар риояю эҳтироми мазхаби Ҳанафӣ, риояи суннатҳои мардумии маҳаллӣ дар либоспӯшӣ ибрози андеша намуданд.
Сокинони маҳаллаи мазкур ба Раиси шаҳри Хуҷанд бобати таъсиси нуқтаи муваққатии хизматрасонии ёрии таъҷилӣ, зарурати бунёди мактаби миёна, таъмири роҳи нақлиётии маҳаллаи мазкур, бештар намудани намоишҳои тарбиявӣ дар телевизионҳои маҳаллӣ, дархост намуда, барои насби зерпойгоҳи нави барқӣ дар оғози соли равон изҳори сипосмани намуданд.