(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд азнавсозӣ шуда истодааст. Тибқи лоиҳа иншоот аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 27 синфхона ва кабинетҳои фаннӣ мебошад. Дар бинои сохташаванда китобхонаи барҳаво ва толори маҷлис низ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон дар канори мактаб сохтмони толори варзиш низ дар арафаи анҷомёбист.

Фармоишгари иншооти сохташаванда Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд, пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон ва воридот», ҶДММ “Хушофар”, «Сириус СС» буда, лоиҳакаш КФД “Бунёдгари Суғдзамин» мебошанд. Мактаб барои 1200 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Субҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади ошноӣ аз раванди сохтмони МТМУ №28 аз ин муассисаи таълимӣ боздид намуд.

Шаҳрдор ба сохтмончиёни иншоот ҷиҳати анҷом додани корҳо бо сифати баланд бо истифода аз масолеҳи ватанӣ дастуру супоришҳо дод. Ба ороишгарон ҷиҳати зеббахши муосири бинои таълимӣ тавсияҳо дода шуд. Ҳамзамон ба масъулини ободонӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои кабудизоркунӣ ва ороишӣ дастурҳо дода шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки МТМУ №28 ҳанўз соли 1939 сохта шуда, ниёз ба таъмиру азнавсозӣ дошт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд