(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҳаллаи "Темурмалик"-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми муассисони ҶДММ Папириус» сохтмони корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ бомаром идома дорад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни сохтмони ин корхонаи полиграфӣ аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷамъият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ дар ояндаи наздик коргоҳи бузурги коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба роҳ мемонанд, ки он пурра воридотивазкунанда буда, талаботи рўзафзуни аҳолиро ба ин намуди маҳсулот то қадри имкон қонеъ менамояд. Ояндаи наздик баъди истифодадиҳӣ дар корхона намудҳои гуногуни дафтар ва дигар анвои ашёи хониш истеҳсол карда мешавад.

Фирдавс Шарифзода бунёди чунин корхонаи саноатиро талаби замон унвон намуда, ҷиҳати суръатбахшии корҳо ва зимни бунёди он истифодаи бештари маҳсулоти ватанӣ дастуру супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд