(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар ҳудуди МОИ “Суғд” аз ҷониби ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» корхонаи коркарди санг бунёд шуда истодааст.

Субҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди бунёди ин корхона аз наздик шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии корхона беш аз 1 гектар буда, дар он биноҳои сехҳои истеҳсолӣ, коркарди санг ва маъмурӣ бунёд шуда истодааст.
Сармояи корхонаи коркарди санг аз ҳисоби маблағҳои ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» буда, ҳаҷми маблағи сармоягузорӣ 1, 4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ин корхонаи саноатӣ ояндаи наздик бо истифода аз масолеҳи хоми ватанӣ маҳсулоти гуногун барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва хориҷи он истеҳсол менамояд. Аз ҷониби ширкат барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи талабот технологияи пешрафтаи ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон дастрас карда шудааст. Иншоот аз як ошёна иборат буда, пас аз ба фаъолият оғоз намудани он барои 40 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад.

Корхонаи коркарди санг тибқи лоиҳаи сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосир сохта шуда истодааст.

Раиси шаҳр ба масъулини корхона ҷиҳати босифат анҷом додаани корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи он дастуру маслиҳатҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд