(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори АРТ-Галерияи "Сомониён"-и шаҳри Хуҷанд намоиши эҷодиёти мусаввири варзида, аъзои Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон Бахтиёр Холматов бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли илму фарҳанг баргузор гардид.

Асарҳои эҷодии рассоми шинохтаро муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода тамошо намуда, ба маҳорат ва санъати баланди эҷодии Бахтиёр Холматов баҳои баланд дода, онро намунаи олии пайравӣ ва омўзиш ба насли наврасу ҷавон унвон намуданд.
Таъкид шуд, ки бо санъати волои худ Бахтиёр Холматов на фақат дар дохили мамлакат балки берун аз он муаррифӣ ва ба комёбиҳои назаррас низ ноил шудааст.

Бояд қайд намуд, ки Бахтиёр Холматов дастпарвари донишгоҳи театрӣ-рассомии шаҳри Тошканд ба номи Н. Островский буда, дар факултети рассомии монименталӣ, дар устохонаи В. И. Дригин рассоми халқии Ўзбекистон нозукиҳои ин ҳунарро омўхтааст. Дар фонди рассомии шаҳри Хуҷанд, факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҶДММ “Нигор”ҳамчун рассом, омўзгор ва коршинос кору фаъолият дошт.

Аз соли 2020 то ба имрўз дар Комбинати “Қолинҳои Қайроққум” ҳамчун рассом фаъолият мебарад. Дар якчанд намоишҳои рассомии дохил ва хориҷи кишвар маҳсули эҷодашро муаррифӣ намудааст.

Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷўраев зикр намуд, ки байни рассомон Бахтиёр Холматов бо сабку хусусият ва диду нигоҳи хос, бахусус дарёфти рангҳои муносиб ва таҷассуми он дар арасарҳои эҷоднамудааш боиси аҳсану офаринҳост.

Аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Бахтиёр Холматов ба роҳбарияти вилоят ва шаҳр барои дастгирии доимӣ ва таваҷҷуҳашон арзи сипос намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд