(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки намояндаи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанг, хайати ҳакамон аз ИДМ ва мамлакати мо, ҳунармандон ва иштирокчиёни Бозиҳо доир мегардад.

Тоҷикистон бори аввал аст, ки мизбони Бозиҳои Делфӣ гардидааст, ки дар он зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ иштирок менамоянд. Инчунин 16 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Бозиҳои Делфӣ дар мавзӯи «Бистсолаи Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: таърих ва дурнамо» конференсияи байналмилалӣ доир мешавад.

Ташкилкунандагони Бозиҳои Делфӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии бозиҳои Делфӣ буда, таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Тавре узви гурӯҳи тадорукоти Бозиҳои Делфӣ дар Тоҷикистон Марям Холиқзода иттилоъ дод, аз теъдоди умумии иштирокчиёни чорабинӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон 160 нафар, Федератсияи Россия 117 нафар, Ҷумҳурии Қазоқистон 28 нафар, Узбекистон 27 нафар, Озорбойҷон 7 нафар, Арманистон 7 нафар ва Беларус 32 нафарро ташкил медиҳанд.

Бози ифтихор аст, ки дар ин маъракаи байналхалқӣ аз рӯйи номинатсияи сарояндагии анъанавӣ аз шаҳри Хуҷанд Абдурозиқ Султонов иштирок менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд