(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар факултети муҳандисӣ-технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Иди Меҳргон чорабинӣ баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки идҳои суннатию таърихии аҷдодонамон маҳз дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардиданд. Ва ҳар сол бо фаро расидани тирамоҳи зарин яке аз ин идҳои бузург- ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мегардад. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих манша мегирад. «Меҳргон» рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».

Сипас озмуни Агротехнологи беҳтарин» аз рўйи шартҳои пешбинишуда сурат гирифта, ғолибон муайян шуданд.

Муовини директори донишкада оид ба таълим Абдуқодир Акрамов номаи табрикотии директори донишкада Дилафрўз Саидиро ба самъи ҳозирин расонида, аз ҷумла таъкид дошт, ки Меҳргон дар радифи ҷашни Наврӯз бузургтарин ва пуршукӯҳтарин ҷашни аҷдодии мардуми форсизабон, аз ҷумла тоҷикон буда, рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили боарақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.

Зикр гардид, ки «Меҳргон» иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либоси идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик менамуданд. Суфраи ҷашни «Меҳргон»-ро низ бо матое, ки ранги арғувонӣ дошт, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва хушбӯиҳо, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. «Меҳргон» таҷассуми суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса инъикос менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд