(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДавоми 9 моҳи соли равон дар шаҳри Хуҷанд 16 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 184 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 195 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 1074,8 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 117,1 фоизро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба маблағи 292,0 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 27,1 дар сад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.

Дар ин давра аз 136 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 55 намуд ё 40,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёда аз 100 фоиз таъмин карда шудааст.

Инчунин номгўи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ, пойафзоли бачагона ва дигарон мисол шуда метавонанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд