(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо иқдоми кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ - адабӣ таҳти унвони “Рисолати забон ва ҳуввияти миллӣ” баргузор гардид. Устоди кафедраи мазкур Шафоат Файзиева бо лаҳни ширину равон бо қироати чанд шеър вобаста ба бузургдошти забон чорабиниро ҳусни оғоз бахшид.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов салому паёми директори донишкада Дилафрӯз Саидиро ба аҳли иштирокдорони конференсия расонида, зикр намуд, ки шуруъ аз соли 2009, санаи 5 октябр чун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамасола ҳамчун ҷашни умумиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад.

Таъкид гардид, ки миллати тоҷик, ки аз умқи таърихи беш аз 5 ҳазорсола об мехӯрад бо фарҳангу тамаддуни қадимаи худ ифтихор дорад. Яке аз василаҳои ифтихори миллат ин забони нобу гуворои тоҷикист, ки мо тавассути он баёни фикр мекунем ва аз осори пурғановати гузаштагонамон огаҳӣ меёбем. Барои поку бегазанд нигаҳ доштани забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон маҳсуб меёбад, саҳми Пешвои фарҳангсолори миллат, оне, ки аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ бо ифтихор ва самимияти афзун бо ин забон, ки забони шеъру тарона низ унвон гирифтааст, суханронӣ мекунад, хеле калон аст. Таълифи китоби арзишманд “Забони миллат – ҳастии миллат”, гиромидошти шахсиятҳои бузурги миллӣ, ки забони тоҷикиро ба оламиёни муаррифӣ намуданд, аз таваҷҷуҳу муҳаббати самимии Сарвари давлат нисбати халқу забони миллат аст. Ба шарофати сиёсати дурбинонаи Роҳбари муаззам, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем. Дар донишкадаи мо низ ҷиҳати эҳтироми ба забони тоҷикӣ корҳои муайяне анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, устодони кафедраи барномасозии донишкада таҳти роҳнамоии равоншод Академик Зафар Ҷӯраевич Усмонов барномаи таҳриргари матни тоҷикӣ, луғати электронии сезабонаи тоҷикӣ-русӣ-англисӣ, тарҷумонҳои компютерӣ ва тафтишоти орофографии электрониро дар амал ҷорӣ намуданд. Ҳамчунин бо заҳмати ин олимон ҳуруфоти тоҷикӣ дар забони Майкрософт Виндовс роҳандозӣ карда шудааст.

Шоири халқии Тоҷикистон устод Фарзона дар бораи фасоҳату нафосати забони ширини тоҷикӣ чанд ҳарфи муҳаббат зада, таъкид дошт, ки мо миллати соҳибсарфарозем, ки забони Рӯдакиву Ҳофиз, Саъдиву Бедил, Ҳофизу Мавлои Румро бе тарҷумон мефаҳмем. Ин нобиғаҳои олами сухан барои миллати тоҷик бо осори ғановатманди хеш хидматҳои мондагор гузоштанд. Аврупоиён ва дигар аҳолии сайёра аз шеъри ноби тоҷикӣ, ки устодони сухан мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Мавлои Рум гуфтаанд, кайфияти беш мегиранд. Аз он хушҳолам, ки шогирдони фареҳрехтаи Донишкадаи политехникӣ бо вуҷуди андӯхтани илмҳои муосири техникӣ ба сухану соҳиби он арҷ мегузоранд. Зеро инсон ба маънои томаш аз сатҳи забондонии худ сарчашма мегирад. Мавсуф аз шогирдон даъват ба амал овард, ки ҳамеша китобро аниси худ донанд. Руҳияи баланди миллӣ дошта бошанд. Рӯ овардан ба маънавиёт ҳаргиз инсонро дар чорсӯи зиндагӣ танҳо намемонад.

Дар идома шогирдони донишкада аз эҷоди шоирон Рӯдакӣ, Ҷалоллидини Румӣ, Лоиқ ва Фарзон шеърҳо қироат карда, хотири аҳли нишастро шод намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд