(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 95-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов маҳфили адабии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил сурудҳои "Хуҷандиям, "Ғарибӣ", "Дил мефиребӣ" ва ғайраҳо аз эҷодиёти устод Боймуҳаммад Ниёзов сароида шуд. Инчунин дар маҳфил фарзанди устод, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ниёзов иштирок ва сурудхонӣ намуд.

Директори Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз Мунира Мансурӣ ба муҳтавои маҳфил баҳои баланд дода, баргузории чунин нишастҳоро пос доштани хотири гузаштагон ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ унвон намуд.

Бояд қайд намуд, ки Боймумуҳҳамад Ниёзов санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз падараш Ҳоҷиматов Ниёзмуҳаммад омӯхтааст. Бобояш Азиматов Ҳоҷимуҳаммад низ аз ҳофизони номдори замонаш буда, бо Содирхони Ҳофиз ҳамнишинӣ доштааст. Аз оғози солҳои 1963 дар Филармонияи давлати Тоҷикистон ба кор оғоз кард ва дар солҳои 1980 — 1986 замоне устоди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд. Вай сипас ба шаҳри Хуҷанд, зодгоҳи худ, баргашт ва то охири умр дар он ҷо мондагор шуд. Дар дастаи мусиқии «Нури Хуҷанд» ҳамчун муаллим кор мекард. Дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ ба шогирдон дарси «Шашмақом» медод. Сарояндаи маъруфи «Шашмақом» Боймуҳаммад Ниёзов дар шаҳри Хуҷанд шаби 1 феврали соли 2009 аз олам даргузашт.

Аввалин сурудҳои эҷодкарда ва сароидааш: «То кай», «Доғи таманнои ту», «Эй ҷони ман асират», «Гуфтему гуфтем», «Бар лаби дарё биё», «Лаби нӯш» ва ғайраҳо мебошад. Аз устодон Ш. Соҳибов ва Ф. Шаҳобов маҳорати мақомхонӣ омӯхтааст. Дар сабти пурраи «Шашмақом» иштирок намудааст. «Муғулчаи Дугоҳ», «Нимчӯпонӣ», «Насруллоӣ», «Муҳтаҳзоди Наво», «Чапандози Наво», «Талқини Баёт», «Наврӯзи Сабо» ва ғайраҳо аз беҳтарин сурудҳои классикии иҷрокардаи Боймуҳаммад Ниёзов мебошанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд