(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар асоси сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз манзили навбунёди оилаи Бибитурсуной Юсупова, скоини кўчаи Чуқураки маҳаллаи Тути калон, ки бар асари офати табиӣ хонааш пурра осеб дида буд ва имкони зиндагӣ кардан набуд ва бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барояш хонаҳои нав бунёд шуд, боздид намуд.

Маълум гардид, ки се адад ҳуҷраҳои ҳавлии шаҳрванд асосан бунёд гардида, бомпўш ва насби дару тирезаи хонаи шаҳрванд боқӣ мондааст.

Баъди шиносоӣ шаҳрдор ба масъулини далдор дар зудтарин фурсат анҷом додани корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд дастуру супоришҳо дод, ки ин аҳли оилаи Битурсуной Юсупова дар фасли зимистон азият накашанд.

Оилаи Юсуповҳо, ки дар ин манзил маҷмуъан 7 нафар зиндагӣ менамоянд, барои таваҷҷуҳ ва кӯмаки раъиятпарварона ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, шукронаи давлати соҳибистиқлол ва ороимию осоиштагӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд