(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи аксияи ҷумҳуриявии Албом - эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои миллат” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди баскетбол доир намуд, ки дар он 5 даста фаъолона иштирок карданд.

Дар мусобиқа дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи аввал гардида, бо диплом ва Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардид. Дастаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистгон сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва тӯҳфаҳо сарфароз шуданд.

Бо иштироки раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, мудири шуъбаи занони ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон, мудири шуъбаи ҷавонони кумиҷрояи вилоят Назирҷон Мирмуллоев ва фаъолону ҷонибдорони ҳизб мусобиқа натиҷагирӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи варзишӣ бо мақсади тағрибу ташвиқи бозии варзишии баскетбол, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани алоқаи дусти байни бонувон баргузор шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд