(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМутобиқи пешниҳоди комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншооти таърихию ҷуғрофии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва тасдиқи вакилони шаҳрӣ номи яке аз кўчаи номнадоштаи микроноҳияи 1 -уми шаҳри Хуҷанд ба номи Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ, Ҳамро Тоҳирова гузошта мешавад.

Дар иҷлосияи охири Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд чунин иқдом пазироӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки Ҳамро Тоҳирова 8-уми марти соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1941 дар синни 17- солагиаш ҳамчун бофандаи фабрикаи «Бофандаи Сурх » оғоз намуда, аз соли 1952 то ба нафақа баромадан то соли 1974 бофандаи комбинати абрешими шаҳри Ленинобод буд. Ў дар ин коргоҳ зарбдорона меҳнат намуда, супоришҳоро барзиёд ба иҷро мерасонд. Соли 1965 сарбаландона аз зиммаи иҷрои супориш баромадани Ҳамро Тоҳироваро ба назар гирифта, ба ў унвони олии «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» дода шудааст.
Соҳибунвон гардиданаш ўро чун қаҳрамони халқии арсаи меҳнат ба халқи шўравӣ шиносонидааст. Дастовардҳои меҳнатии ў воқеан ҳам бузург буда, чун ходими давлатию ҳизбӣ дар анҷуманҳои XIV-XVIII Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва XXIII-XXIV Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шўравӣ, конференсияи коркунони соҳаи саноати сабук ва бофандагии Иттиҳоди Шўравӣ (соли 1973) иштирок карда, солҳои 1964-1974 аъзои кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон будааст.

Заҳматҳои пурсамари Ҳамро Тоҳирова аз ҷониби давлату ҳукумат қадрдонӣ карда шуда, бо унвони олии Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ, ордени Ленин ва медали ситораи тиллоии «Дос ва болға», медалҳо ва ифтихорномаҳои ҳукуматӣ, шаҳрванди Фахрии Хуҷанд сарфароз гардонида шудааст.

Ҳамро Тоҳирова санаи 2-юми июли соли 2021 дар синни 97 – солагиаш вафот кардааст.

Ҳамчунин дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум дар бораи гузоштани нимпайкараи Ҳаким Карим дар назди бинои баландошёнаи сохташудаистодаи маҳаллаи Раззоқ, кўчаи Ҳаким Карим низ қарор қабул карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд