(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

МАШЪАЛАФРЎЗИ РОҲИ МАЪРИФАТ

Омўзгорони гиромиқадр, мураббиёни азиз ва кулли алоқамандони соҳаи маориф!

Шуморо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо Рўзи омўзгор табрику таҳният мегўям.

Ҳамасола мардуми шарафманди шаҳри бостонии Хуҷанд чун дигар сокинони шаҳру навоҳии мамлакат бо мақсади арҷгузорӣ ба хидмати муаллим, таълиму тарбиятдиҳандаи аҳли башар Рўзи омўзгоронро ботантана ҷашн мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат эътироф намуда, ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд. Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳои худ дар васфи омўзгорон чунин фармудаанд:

«Муаллимону омўзгорон машъалафрўзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шўълаи меҳри хондану аз бар намудан ва омўхтани донишҳои гуногуни муосири ҷаҳониро меафрўзанд. Ба ибораи дигар устодон шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия ва омўзишу парвариш мебошанд».

Барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои соҳаи маориф бо дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззам миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода силсилаи тадбирҳо амалӣ карда шуд, ки дар натиҷа муассисаҳои таълимии типи нав ва замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, сатҳу сифати тарбия ва дараҷаи донишандўзии хонандагон куллан беҳтар гардид.

Омўзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, зеро пешаи омўзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале пурифтихор аст. Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани обрўю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд ва ин ҳама заҳмат натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст, ки аз назари роҳбарияти кишвару вилоят ва шаҳр дур намемонад.

Омўзгорон ва кулли алоқамандони соҳаи маорифро бо Рўзи гиромидошти муаллим бори дигар табрику таҳният мегўям, барояшон тани сиҳат, барори кор ва дар таълиму тарбияи насли наврас муваффақиятҳои бешумор хоҳонам.